Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

Чорпо зиёд шуд, аммо нархи гӯшт боло меравад

28 июн 2012, 04:32

Дар пасманзари афзоиши нархи бемайлони гӯшт дар Тоҷикистон, масъулини кишвар аз афзоиши истеҳсоли гӯшт ва саршумори чорво дар мамлакат иттилоъ медиҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ тайи чор моҳи аввали соли равон саршумори ҳайвони калони шохдор дар кишвар 100 ҳазор сар зиёд шуда, ба ҳолати аввали моҳи май ҳудуди 2 миллион сарро ташкил медиҳанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз бештар арзёбӣ мегардад.
Саршумори бузу гӯсфанд тайи моҳҳои январ – аввали майи соли ҷорӣ ҳудуди 188 ҳазору 400 сар бештар гардидаст. Ба иттилои масъулин бештар аз 92 фоизи чорво дар Тоҷикистон дар дасти мардум қарор дорад.
Ин ҳама иттилоъ дар ҳоле аст, ки тибқи қонунҳои бозор афзоиши истеҳсолу пешниҳод бояд арзонии гӯштро ба бор орад, ки дар бозорҳои Тоҷикистон баръакси он мушоҳида мешавад.
Тибқи мониторинги вазорати рушди иқтисоду савдо айни ҳол дар бозорҳои пойтахт гӯшти гов 31 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 32 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати аввали сол мувофиқан 10-12 фоиз ва моҳи июни соли гузашта 33 – 35 фоиз қимматтар мебошанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!