Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:32

«Рӯди пурхун»-и журналисти тоҷик

28 июн 2012, 05:48

Китоби дуюми Аҳмади Иброҳим, журналисти тоҷик бо номи «Рӯди пурхун» ба нашр расид.

Китоби аввали ӯ бо унвони «Ҷаҳиши охирини бабр» ҳанӯз 2 сол муқаддам нашр шуда, аз корнамоиву ҷавонмардии қаҳрамони суғдӣ Спитамен бар зидди истилогарони Искандари Мақдунӣ қисса мекард. Муаллиф  набардҳои ин паҳлавони суғдиро бо юнониҳо бо истифода аз манбаъҳои таърихӣ, барои хонанда пешкаш карда буд.
«Рӯди пурхун» идомаи мантиқии китоби якум буда, ин ҷо низ муаллиф ҷавонмардиву далерӣ, нангу ори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми ватанро аз чониби тахориён хеле хуб нишон додааст.  
Агар дар китоби нахустин муаллиф бо як тарзи моҳирона нишон дода буд, ки чангиёни бохтарӣ барои кумак ба ҳаммиллатони худ ба Суғд мерафтанд, дар китоби дигар боз ҳам ваҳдати ин миллат баръало нишон дода шудааст, ки ҷангҷӯёни суғдие, ки зери алами Спитамон ҷангидаву ахиран, баъди марги ӯ титу пареш гашта буданд, боз ҳам ба қасди душман, атрофи бохтариён чамъ мегардиданд.    
Китоби «Рӯди пурхун»-и  Аҳмади Иброҳим асари пурарзиш ва гаронбаҳое хоҳад буд, дар роҳи худшиносии миллӣ ва ваҳдати миллат.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!