«Агроинвестбонк» дар ноҳияи Мастчо ба муносибати Рӯзи Ваҳдат боз як бинои нави замонавӣ барои кормандони филиали бонки агросаноатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар расми ифтитоҳи ин бино раиси ноҳия Абдукарим Ҳикматов, сарвари «Агроинвестбонк»-и вилояти Суғд Масрур Ҳакимов, сарвари «Агроинвестбонк» дар ноҳия Фозилхӯҷа Ҳоҷамиров ва раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Тоҷиддин Ниёзов иштирок ва баромад намуданд. Зимни суханронӣ раиси кумиҷроия ба сохтмончиён миннатдорӣ баён карда, дар фарҷом ба бинокорон тӯхфаҳо тақдим гардиданд.
Мӯҳр