Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Қарзи «Барқи тоҷик» аз «Сангтӯда- 1» боз ҳам меафзояд

28 июн 2012, 06:22

Тибқи иттилои масъулини нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда- 1» ҳаҷми қарздории ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ ба ҳоли ҳозир 267 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ду моҳи пеш ҳудуди 10 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми қарздории ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда- 1»   баъди муроҷиат ба суд  аз 263 миллион сомонӣ то 255 миллиону 820 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Аммо акнун боз майли афзоиш намуда, ба зиёда аз 267 миллион сомонӣ расидаст.
Ба гуфтаи масъулини «Сангтӯда- 1» айни ҳол тайи як шабонарӯз дар нерӯгоҳ 3,4 миллион киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, аз замони фаъолсозии нахустин чарха нерӯгоҳ 7 миллиарду 636 миллион килловат барқ тавлид намудааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда- 1» давоми фаъолияташ ба ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 621 миллиону 273 ҳазор сомонӣ барқ фурӯхтаст, ки  43 фоизи ин маблағ ҳанӯз пардохт нашудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!