Бо ташаббус ва маблағгузории Раёсати иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб, 120 хонандаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр барои истироҳати тобистона ба лагери «Шарора»-и ноҳияи Муъминобод рафтанд.
Гуфта мешавад, дар мавсими ҷорӣ ин нахустин гурӯҳи мактаббачагони минтақа аст, ки барои истироҳат гусел шудаанд. Тибқи иттилои аз шӯъбаи маорифи шаҳр расида, то охири мавсим аз ҳисоби буҷаи махаллӣ дар 3 баст боз 300 хонандаи дигар ба лагери мазкур фиристода мешаванд.
Бино ба иттилоъ, имсол дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб тибқи нақша дар лагерҳои наздимактабию беруназшаҳрӣ 12 ҳазор наврасон ба истироҳат ҷалб хоҳанд шуд.
Мӯҳр