Бахшҳо
28 июн 2012 10:29Хабарҳои ҷаҳон

Узви ҳизби мардумӣ тарафдоронашро ба зӯроварӣ дар масоҷид даъват кард

Аъзои ҳизби мардумии Швейсария ҷонибдоронашро рӯирост ба доир кардани «Шаби булурин» даъват кардааст.

Александр Мюллер, узви ҳизби радикалии Швейсария дар Твиттер аз ҷонибдоронаш даъват кардааст, то ин навбат «Шаби булурин»-ро  дар масоҷиди мусулмонӣ роҳандозӣ намоянд. Ӯ навиштааст: «Шояд барои мо такрори «Шаби булурин» лозим аст... аммо ин навбат дар масоҷид».
Даъвати ошкорои Мюллер барои зӯроварӣ ҷонибдоронашро ба хашм овардааст. Ҳатто роҳбарияти Ҳизби мардумии Швейсария дар изҳороте гуфтааст, ягон гуна такрори амалоти аъзояшро аз диктатори нафратбарангези Ҳитлер таҳаммул нахоҳад кард.
Пулиси Швейтсария аллакай хонаи Мюллерро мавриди бозкобӣ қарор додааст. Худи ҳамон рӯз ширкати суғуртавие, ки Мюллер дар он кор мекард, бо ӯ қарордоди меҳнатиро қатъ намуда, ӯро аз кор рондааст.

«Шаби булурин» (Хрусталная ноч) аввалин амали зӯроварие буд, ки аз сӯи фашистон дар қиболи яҳудиён шаби 9-ум ба 10-уми ноябри соли 1938 роҳандозӣ гардид. Дар он шаб гурӯҳҳои миллатгарои немис дар даҳҳо шаҳр ба синагогу мағоза ва дигар муассисаҳое, ки ба яҳудиён мутааллиқ буд, ҳуҷуми тахрибовар карданд.
Гуфтанист, маҳз бо кӯшиши аъзову ҷонибдорони ҳамин ҳизб дар Швейсария ҳамапурсие сурат гирифт, ки сохтмони масоҷидро дар ин кишвар қонунан мамнӯъ кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)