Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:07

Дмитрий Медведев қарори арзонишавии сӯзишвориро имзо кард

28 июн 2012, 10:38

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия рӯзе пеш қарореро имзо кард, ки тибқи он аз моҳи оянда содироти бензин аз Русия наздики 50 доллар арзонтар сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳоле, ки худи сӯзишворӣ дар Русия майли арзонӣ дорад, тибқи қарори имзонамудаи Медведев аз якуми июл боҷи содиротии як тонна бензин 45,5 доллар камтар шуда, 332,4 долларро ташкил хоҳад дод. Моҳи ҷорӣ интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон зимни содироти як тонна аз Русия 377,8 доллар боҷи содиротӣ месупоранд.
Барои як тонна сӯзишвории дизелӣ ва маҳсулоти рушани нафтии дигар, Дмитрий Медведев боҷи содиротиро аз моҳи оянда 243,7 доллар муайян намудаст, ки нисбат ба моҳи ҷорӣ 37 доллар арзонтар аст.
Таҳлилгарон ба он ки ин арзонкуниҳои Медведев дар бозори бензину сӯзишвории дизелии Тоҷикистон ҳам арзониро ба бор меоранд, шубҳа доранд. Аз ҷумла аз якуми моҳи ҷорӣ ҳам ҳукумати Русия бо назардошти арзонишавии нафт боҷи содиротиро ҳудуди 30 доллар арзонтар намуда буд. Аммо тавре аз мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бармеояд дар бозори сӯзишвории кишвар раванди поёнравӣ рух надодаст, балки баръакс майли гаронӣ қайд шудаст.
Тибқи иттилои вазорати мазкур агар даҳрӯзаи аввали моҳи ҷорӣ нархи бензин ба ҳисоби миёна 6,40 сомонӣ сари як литр буд, дар даҳрӯзаи дуюм ин нишондод ба 6,45 сомонӣ баробар шудаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!