Бахшҳо

Душанбе: Президент ва раиси шаҳр дар маросими тӯйи навхонадорони пойтахт ширкат карданд

Рӯзи гузашта, 27-уми июн дар пойтахт чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили 15 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ширкати президенти Тоҷикистон ва райиси шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр, зимнан дар ин чорабинӣ сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои ниёзманди шаҳр дар кохи «Душанбе Плаза» сурат пазируфт.   
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон навхонадоронро нисбати дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳам бастани ақди никоҳ ва аз ҷониби шаҳрдорӣ баргузор намудани тӯйи арӯсию домодии онҳо сидқан табрик намуда, ба ҳар як ҷуфт дар расми тантанавӣ ангуштарҳои тиллоӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва 3000 сомонӣ тақдим намуда, акси хотиравӣ гирифт.
Маврид  ба тазаккур аст, ки иқдоми мазкур дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе № 280 аз 30 майи соли 2012 «Дар бораи дастгирии ташаббуси эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ ҷиҳати баргузории тӯйи домодию арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Душанбе» сурат гирифта, 11 субъектҳои хоҷагидорию соҳибкории шаҳр ҳар кадомӣ 41 ҳазор сомонӣ барои иҷрои ин амали хайр ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҷмӯъ 451 ҳазор сомонӣ хазина ташкил доданд.  Аз ҳисобии маблағоти мазкур ба ҳар як ҷуфт либосҳои тӯйонаи шинам ва ангуштарҳои тиллоӣ бо гирифтани андозаи сару либос ва ангуштҳои домоду арӯс дар Туркия ҷиҳози тӯй омода карда шуда, сарфаи маблағҳо ба ҳар як ҷуфт 3000 сомонӣ тақдим гардид, ки ҷараёни хамаи корҳои омодагӣ зери назорати Комиссияи марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  роҳандозӣ гашт.
Дар ҷараёни баргузории расми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев зимни суханронӣ ва табрикоти хеш афзуд, ки  баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои президент дар асоси Қарори шаҳрдорӣ  аз 27 марти  соли 2010 «Дар бораи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоати пойтахт» бо саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ  шурӯъ аз моҳи апрели соли 2010  дар шаҳр то ба имрӯз 1824 тӯйҳои хатнасур ва 104 тӯйҳои арӯсию домодӣ бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуданд.
Сипас, навхонадорон, ки онҳоро дар Боғи Дӯстии Халқҳо (н.Фирдавсӣ), Боғи Ирам (н. И. Сомонӣ), Кӯли ҷавонон (н. Сино) ва майдони 800-солагии Москва базми фарҳангии ноҳияҳо ва тахтҳои шоҳона интизорӣ мекашид, раҳсипор шуда, тӯлӣ якуним соат дар ин базмгоҳҳо ширкат варзиданд.




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)