Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:44

261% афзудани воридоти мошин ба Тоҷикистон

28 июн 2012, 12:06

Дар Тоҷикистон моҳе ба миқдори 20 миллион сомонӣ мошинҳои сабукраву боркаш хариду фурӯш шуда, ба иттилои расмӣ дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми  бозори чаканаи мошин 95 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон асосан мошинҳои воридотӣ аз кишварҳои назди Балтика ва Аврупо хариду фурӯш шуда, нархашон аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ, қуввати муҳаррик ва ғайра вобаста аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи мошин дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар минтақа буда, ба кишвар асосан мошинҳои арзишашон аз 2,5 то 3 ҳазор доллар ва аз он болотар ворид мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ имсол воридоти мошин ба Тоҷикистон нисбати соли қабл ба маротиб зиёд шуда, ба ҳисоби масъулини гумрук танҳо дар панҷ моҳи гузашта ба кишвар ҳудуди 18 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидаст. Воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад, 261 фоиз бештар гардидаст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!