Бахшҳо
29 июн 2012 04:11Хабарҳои ҷаҳон

EURO-2012: Як қадам то пирӯзӣ!

Тими миллии Олмон оид ба футбол интизориҳои миллионҳо мухлисони бозии №1-ро бароварда накард.

Охирин бозии даври нимфиналии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2012 шаби гузашта дар шаҳри Варшава баргузор шуд. Мунтахаби Италия ҳарифи боқувваташ Олмонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Ҳар ду голи итолиёвиҳоро Марио Балотелли дар қисмати авали бозӣ (дақиқаҳои 20 ва 36) ба нишон расонд. Тӯби ягонаи яккачини Олмон дар вақти иловагӣ зада шуд. Муаллифи ин гол Месут Озил аст.
Тими Италия дар нимаи дуюми бозӣ имкони хуби зиёд кардани ҳисобро дошт, аммо на Антонио Ди Натале ва Клаудио Маркизио аз вазъияти мувофиқ истифода карда натавонистанд.
Акнун, дар қисмати финалӣ барои унвони қаҳрамонии EURO-2012 мунтахаби Италия бо тими Испания рақобат мекунад. Ин дидор 1-уми июл дар шаҳри Киев баргузор мешавад.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A
08 июн, 21:00  Лаҳистон - Юнон - 1:1
08 июн, 23:45  Русия - Чехия - 4:1
12 июн, 21:00  Юнон - Чехия - 1:2
12 июн, 23:45  Лаҳистон - Русия - 1:1
16 июн, 23:45  Юнон - Русия - 1:0
16 июн, 23:45  Чехия - Лаҳистон - 1:0

Мавқеи дастаҳо: Чехия 6 имтиёз, Юнон 4, Русия 4. Лаҳистон 2.

Гурӯҳи B
09 июн, 21:00   Ҳолланд - Дания - 0:1
09 июн, 23:45   Олмон - Португалия - 1:0
13 июн, 21:00   Дания - Португалия - 2:3
13 июн, 23:45   Ҳолланд - Олмон - 1:2
17 июн, 23:45   Португалия - Ҳолланд - 2:1
17 июн, 23:45  Дания - Олмон - 1:2

Мавқеи дастаҳо: Олмон 9 имтиёз, Португалия 6, Дания 3, Ҳолланд 0.

Гурӯҳи C
10 июн, 21:00  Испания - Италия - 1:1
10 июн, 23:45  Ирландия - Хорватия - 1:3
14 июн, 21:00  Италия - Хорватия - 1:1
14 июн, 23:45  Испания - Ирландия - 4:0
18 июн, 23:45  Хорватия - Испания - 0:1
18 июн, 23:45  Италия - Ирландия - 2:0

Мавқеи дастаҳо: Испания 7 имтиёз, Италия 5, Хорватия 4, Ирландия 0.

Гурӯҳи D
11 июн, 21:00  Фаронса - Англия - 1:1
11 июн, 23:45  Украина - Швейсия - 2:1
15 июн, 21:00  Украина - Фаронса - 0:2
15 июн, 23:45  Швейсия - Англия - 2:3
19 июн, 23:45  Швейсия - Фаронса - 2:0
19 июн, 23:45  Англия - Украина - 1:0

Мавқеи дастаҳо: Англия 7 имтиёз, Фаронса  4, Украина 3, Швейсия  3.

Чорякфинал
21 июн, 23:45  №1: Чехия - Португалия - 0:1
22 июн, 23:45  №2: Олмон - Юнон - 4:2
23 июн, 23:45  №3: Испания - Фаронса - 2:0
24 июн, 23:45  №4: Англия - Италия - 0:0 (2:4 - аз рӯи пеналтӣ)

Нимфинал
27 июн, 23:45  Португалия— Испания – 00 (2:4 – аз рӯи пеналтӣ)
28 июн, 23:45  Олмон - Италия 1:2


Финал
1 июл, 23:45  Испания - Италия (Киев)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)