Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:02

Қирғизистон Тоҷикистонро ягона роҳи интиқоли сӯзишвориаш ба Афғонистон хонд

29 июн 2012, 09:23

Ҳукумати Қирғизистон қарори интиқоли сӯзишвории қирғизиро ба Афғонистон тавассути ҳудуди Тоҷикистон қабул намудааст.

Тибқи иттилои котиботи сарвазири Қирғизистон ташаббускори ин қарор вазири иқтисод ва сиёсати зидимонополии қирғиз Темир Сариев баромад кардааст. Масъулини қирғиз мегӯянд, маҳсулоти нафтии заводи коркарди нафти Кант дар дохили кишвар талабот надорад, чун аз нигоҳи сифат рақобатпазир нест.  Имкони содир намудани маҳсулоти нафтии корхона ба Афғонистон мавҷуд аст, ки он метавонад танҳо бо нақлиёти автомобилӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон амалӣ шавад.
Масъулини қирғиз мегӯянд, ин иқдом барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади буҷет мусоидат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон қаблан аз афзоиши қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, ҳукуматашон қарори мувақаттан қатъ кардани содироти сӯзишвориро ба тасвиб расонда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!