Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:36

Узбакистон тасмими хориҷ шуданаш аз СПАД-ро шарҳ дод

4 июл 2012, 04:30

Роҳбарияти Узбакистон иллати қатъи узвияташ дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро шарҳ додааст.

«Комерсант» бо такя ба манбае аз Вазорати умури хориҷаи Узбакистон навишта, ки Тошканд ба «нақшаҳои стратегии СПАД дар самти Афғонистон» (дақиқ нагуфта, ки кадом нукта боиси норозигии Узбакистон шудааст) ва ҳамчунин нақшаҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои низомӣ дар чорчуби созмон розӣ нест.
Манбаъ гуфтааст, ки сабабҳои дигаре низ ҳастанд ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ боиси нотаи Ӯзбакистон ба котиботи СПАД шудааст.
Ёдовар мешавем, чанде қабл котиботи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ эълон кард, ки  ҳукумати Узбакистон бо ирсоли нотае аз қарори қатъи узвият дар созмони мазкур хабар додааст.
Ин бори  дуюм аст, ки Тошканд узвияташ дар СПАД-ро қатъ мекунад. Бори нахуст cоли 1999 аз он хориҷ шуда буд.
Иттиҳоди сиёсиву низомии СПАД  аз сӯи кишварҳои пасошӯравӣ аввоили солҳои 1990- ум бо узвияти Русия, Арманистон,Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дертар Беларус ташкил шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!