Ҳоло дар Тоҷикистон ваҳдат вуҷуд дорад, вале масъалаи муҳим на вуҷуди ваҳдат, балки осебпазир набудани ваҳдат аст, ки ҷомеаро ба Ваҳдати миллӣ наздик мегардонад.
Аммо мушоҳида мешавад, ки ваҳдат дар Тоҷикистон мунҳасир ба шахсиятҳо мешавад ва дар доираи қудрати сиёсӣ зӯро ба зӯр ҷой карда мешавад. Идеяи ваҳдати миллӣ ва ё роҳкорҳои аз байн бурдани хатароти осебпазирии он бояд болотар аз манфиатҳои шахс, шахсиятҳо, қудрати сиёсӣ ва дигар гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ бошад.
Бояд марказҳои фикриву тадқиқотӣ аз амалкардҳое, ки роҳҳои расидан ба ваҳдати миллиро душвор мекунанд, ё ба ибораи дақиқтар арзишҳои зиндаи ваҳдатсозро саркӯб менамоянд, нигарон бошанд ва садо баланд кунанд. Рӯшанфикрон агар қобиляти фикр кардан, шинохтани дунёи имрӯз ва арзишҳои зиндаи таркиби ҳуввият ва худи миллиро доранд ва фикр мекунанд, ки ин арзишҳо миллатро ба сӯйи саодат мебаранд, набояд пеши онҳое, ки қобилияти фикр кардан надоранд,хомӯш бошанд.
Идомаи матлабро аз ин нишонӣ мутолиа намоед: https://ozodagon.tj/g/item/16491
Мӯҳр