Бахшҳо
29 июн 2012 11:11Адабиёт

ИСЁНИ ВОЖАҲО

Солҳоест, чи бедод, ки бар дод гузашт...

Ниёиши кӯдакона

Кош рӯзе бирасад
Аҳли ин шаҳраку ҳар шаҳри дигар,
Зери оҳанги азон,
субҳгаҳе,
Ҳамаи панҷараро сӯи Худо боз кунанд.

Кош рӯзе бирасад
Ишқ як ҳодиса не,
Оини зиндагии пок шавад,
Осмон оинаи хок шавад.
Дастҳоро ҳама фарзанди башар
Боли парвоз кунанд...

Кош рӯзе бирасад
Ҳамаи шефтагони раҳи Ҳақ
Зери як парчами меҳр,
На буданро,
Зистанро,
Ҳамчу як таҷрибаи навтарин оғоз кунанд…

Беҳуда

Солҳоест,
чи бедод, ки бар дод гузашт,
Касали бетарафӣ ҳам зи ҳади ҳод гузашт,
Шаҳр дар хоби сукут мепӯсад,
Шоире нолакунон аз гузари бод гузашт...

Тасвири рӯз

Нола омор надошт,
Ростӣ муштарие дар ҳама бозор надошт
Ва тарозуи адолат, ки харидор надошт,
Баҳри ҳақ ҳеч касе хоҳиши пайкор надошт.
Аҳли ободии мо кӯру кару лол магар?
Ҳеч кас бар ғами ҳамсояи худ кор надошт.
Боз гӯям;
Ҳарфи бас зан, ки зи фоҳишагарӣ ор надошт,
Ҳам зи мулло, ки хиёнат ба диёнат кардаст?
В-аз ҳама шоираконе, ки ба ҷуз мадҳия ашъор надошт...

Оҳ,
баъди ҳама ин ҳарфу далел
Метавон гуфт магар:
Умри мо ғуссаи бисёр надошт,
Ишқ озор надошт?

Шоҳкор

Бо диле озурдаву рухсори зард,
Зиндагиро хонда майдони набард,
Шоире,
дар ҷустуҷӯи ҳарфи нав
Мардро бо дард ҳамқофия кард...

Исёнгар

Баски дил аз кӯдакӣ бар субҳи содиқ бастаам,
Риштаи пайвандро бо тирашаб бигсастаам.
Бо сари худ борҳо бишкастаам деворҳо,
Дар куҷо гуфтам; зи боварҳои захмӣ хастаам?

Тасвири хушбахтӣ

(Сюрреализм)
Бонуе дорад ба покии зулоли чашмаҳои кӯҳсор,
Хонае дорад ду ҳуҷра сиву анде метр, аммо ба паҳнои дили дарёияш,
Ду гилему тилвизори кӯҳнаеву чандто болину бистар,
Ҷолибосиву ду духтар, як писар,
Беш аз инҳо намедонам чиҳо бошад дигар дороияш.

Бисту анде сол шуд, ки соати панҷи саҳар аз хоб мехезад ҳаме,
То намонад дер аз файзи саҳар,
Ва бубинад аз ТВТ, ки дар олам чи хабар.

Соати ҳашти саҳар ҳам меравад бар коргоҳ,
Мешавад то соати ҳаждаҳ дар он ҷо
машғули ҳал кардани ҳар мушкили ҳар муштарӣ,
Дар идора ӯст бар бахши умумӣ роҳбар.

Ҳеч шоме бар тарабхона нарафт, (Маблағ надошт!)
ӯ тамоми умр боре ҳам набӯсида лаби ҷоми шароб,
Ҳеч гаҳ, ҳатто барои дилхушии дигарон ҳам як сигоре дуд накард.
Бо ҳама, чи ношиносу чи шиносе меҳрубон буду шафиқ,
Ҳеч кас гуфтан наметонад, ки ӯ кори фалонро буд накард.

Ҳеч кас аз ошнову ҳамраҳони ӯ наметонанд гуфт,
Ки фалон коре, касе, боре варо озурда буд.
Чеҳраи камрангу пурожангдошт,
Ки ба рӯи он ба мисли пардае
Нимтабассуме ва шояд заҳрханди доимие мурда буд.

Ҳеч гаҳ аз ҳеч чизу ҳеч кас на шиква карду не гила,
Ҳеч гаҳ дар ҳеч коре ҳам набуда дудила.

Қисса кутаҳ, ӯ дар он дунёи худ хушбахт буд,
Ки барои чун мане ҳатто тасаввур карданаш ҳам сахт буд.

Пурсиши газанда

Ин чи қонунест, охир,
Ин чи қонуне, ки мехонад ҷиноят
Саф кашиданро алайҳи зулму бедод?

Ин чи меъёре, ки медонад ҳамоқат
Хоҳиши маъмулии бурдан бар сар дар мулки обод?
Ин магар айб аст, охир,
Орзӯи дидани ҳаммеҳанонат дар рифоҳи комилу шод?

Бештар аз ин ҳама,
Ин магар хоҳиши аз андоза беш аст,
Зистан монанди як инсони озод?

Иқрори захмӣ

Мо ба оини садоқат сахт бовар доштем,
Ишқро оғози бас муъҷиза мепиндоштем.

Субҳгоҳи ин шаби ялдо ба расми ростӣ
Мо дирафши ҳақталоширо баланд афроштем.

Тирашаб аз раҳ расиду ҳеч кас парво накард,
Ки зи баъди субҳгоҳон мунтазири чоштем...

Хирсро дар ноилоҷӣ Хизр гуфтему кунун
Вой бар мо, ҳосили он киштаро бардоштем.

Дигарон бо чоплусӣ симу зар анбоштанд,
Мо ба якрӯи зи ғамҳо хирмане анбоштем.

Насли хушбовар будему бо умеди рӯзи нек
Дар кавире донаҳои орзӯро коштем.

Зафари Сӯфии ФАРҒОНӣ


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)