Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

Дар шимоли кишвар модар тифли навзодро 300 сомонӣ фурӯхт

2 июл 2012, 06:08

Дар вилояти Суғд як занро барои фурӯхтани фарзанди навзодаш дастгир кардаанд.

Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳангоми гузаронидани чораҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки сокини 21 солаи  ҷамоати Лоҳутии нохияи Конибодом Ф.Р. 6-уми июни соли равон дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фарзанди ҷинсаш мард таваллуд карда, 8-уми июн бо маслиҳати пешакӣ бо Р.Ф, сокини 47 солаи ноҳияи Конибодом ва Р.Р, сокини 33 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навзодро ба сокини 22 солаи ҳамин ноҳия Ч.З ба маблағи 300 сомонӣ мефурӯшад.

Оид ба ин ҳодиса тибқи моддаи 167 қисми 2 (фурӯши ноболиғон)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!