Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:44

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои пойтахт маҳдуд мешавад

2 июл 2012, 06:30

Шурӯъ аз 1-уми июл то 28-уми октябри соли 2012 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи С. Ғанӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то дарвозаи «Боғи Ирам») ва кӯчаи Бохтар (аз назди бинои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» то буриши кӯчаи Шотемур) қатъ карда мешавад.

Тавре ба Озодагон аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин тасмим ба хотири гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар робита шаҳрдори пойтахт қарореро имзо кардааст. Тибқи ин қарор Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ба кӯчаҳои ҳамшафат бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чораҷӯӣ намояд.
«Ҳамчунин аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои  хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш мешавад, ки бобати ҳалли мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд»,-афзуд манбаъ.
Гуфтанист, назорати иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе ба зимаи муовини шаҳрдор Оев А.М. гузошта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!