Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 20 август 2017, 03:34

Мулоқоти Митчелл бо нахуствазир ва Муродалӣ Алимардон дар Душанбе

2 июл 2012, 10:24

Вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл  ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард.

Тавре аз ВКХ  ба Озодагон хабар доданд, ташрифи чунин намояндаи воломақом бори нахустин дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.
Бино ба иттилоои манбаъ, дар нимаи аввали рӯз, Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Эндрю Митчелл бо Сарвазири кишвар Оқил  Оқилов ва роҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон мулоқот кард. Интизор меравад, ки номбурда пас аз ин аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сафар карда, аз лоиҳаҳое, ки ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, дидан намояд.  
Зимни ин сафар, ҳамчунин гуфтушуниди Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир бо муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти бахши иқтисодии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!