Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:14

Амонуллои Ҳукуматулло: Вагонҳои бозистодаро дар сарҳадот ҳар чӣ зудтар равон кунед

2 июл 2012, 11:30

Масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои афзоиш додани мусофирбарӣ, иброз намуданд, ки бо зиёд шудани мусофирон хатсайрҳои муваққатан манъ-  шударо барқарор бояд кард.

Тавре аз Вазорати нақлиёт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, Амонуллои Ҳукуматулло, роҳбари корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни як нишаст роҳбарони хадамоту муассисаҳои ин ниҳоди давлатиро вазифадор кардааст, ки барои бартараф намудани бекористии вагонҳо чораҷӯӣ  намоянд ва вагонҳои бозистодаро дар сарҳадот ҳар чӣ зудтар равон кунанд: «Вобаста ба ин масъала масъулини соҳа супориш гирифтанд ва оид ба зиёд намудани мусофиркашонӣ чораҳои муассир андешиданд».
Манбаъ мегӯяд, Амонуллои Ҳукуматулло зимни баромадаш дар ин ҳамоиш илова намудааст, ки барои тезондани кор дар иншооти сохтмонии роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ҷадвали навбатдории комиссияро ташкил карда, аз ҳисоби роҳбарони масъул  корро дар вақти муайяншуда ба истифода диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!