Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Убайдуллоев: Имомхатибон бояд соҳибкоронро ба инсоф даъват намоянд

3 июл 2012, 04:11

Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи гузашта ҷаласаи шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, нишаст бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр сурат пазируфт.
Манбаъ афзуд, зимнан дар баробари дигар масоил, мавзӯъи густариши равандҳои инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ ва зимни адои маросимҳои диниву мазҳабӣ халалдор накардани оромиву сукунати барандагони адёни дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрдорӣ муқаррар гардид, ки аз тарафи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ истифодаи ғайримақсадноки баландгӯякҳо ҳангоми баргузории намозҳои фарзӣ ҷилавгирӣ карда шуда,  корбарии дурусту мақсаднок аз дастгоҳҳои тақвияти овоз роҳандозӣ карда шавад. Ҳамзамон, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур гашт, ки масаъалаи насбу истифодаи камераҳои мушоҳидавӣ тибқи муқаррароти қарори марбутаи шаҳрдорӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр, дар масҷидҳо баҳри таъмин амнияти намозгузорон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад.
Зимни баррасии масоили ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи моҳи шарифи Рамазон масъалаи  истифодаи потенсиали имомхатибон дар роҳи пешниҳоди хизматрасонӣ ва ба инсоф даъват намудани соҳибкорони дар ин соҳа машғулиятдошта ба инобат гирифта шуд.
Убайдуллоев баҳри истифодабарии нерӯи имомхатибон ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ муқаррар сохт, ки бобати ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар радифи Комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ зарфиятҳои ҳар кадом имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ бо вобаста кардан ба бозорҳои алоҳидаи коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта истифода карда шаванд.
Дар ин росто роҳбарони бозорҳои коммуналӣ муваззаф ва  ба директорони бозорҳои хусусӣ тавсия шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои бозорҳо фаровонии маҳсулотро баҳри дастгирии иҷтимоии сокинон дар моҳи шарифи Рамазон таъмин сохта, фурӯши маҳсулотро дар шаҳраку маҳаллаҳо ба роҳ монанд. Дар ин зимн таъкид сохт, ки шаҳрдорӣ омода аст, ки деҳқонон ва соҳибкорони ба интиқоли маҳсулоти ниёзи аввалия машғулбударо аз пардохтҳо вобаста ба ҷамъоварии чинишҳои яквақта дар бозорҳои коммуналии шаҳр  озод сохта, расмияти онҳоро тавассути ба тасвибрасонии Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таъмин намояд.








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!