Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:42

Дарси кушод дар Озодагон. Барои донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ

3 июл 2012, 07:08

Як гурӯҳ аз муҳассилини соли аввали факултаи мазкур таҳти сарварии Гулафшон Соқиева, муаллимаи факулта имрӯз меҳмони Озодагон гардиданд.

Донишҷӯён бо тарзу шеваи кор дар нашрия ва хабаргузорӣ, роҳҳои дарёфти хабар, тарзи пешниҳоди мавод ва паҳлӯҳои дигари журналистикаи амалӣ аз наздик ошно гардида, зимнан ба пурсишҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Сардабири хабаргузории Озодагон оид ба он-лайн журналистика ва журналистикаи чандрасонаӣ ба донишҷӯён маълумот дода, андешаи онҳоро низ дар ин маврид шунид.
Қайд шуд, ки барои журналист шудан, шарт нест, ки ҳатман хатмкардаи ин ё он бахши факултаи журналистӣ бошед, аммо назарияи рӯзноманигориро бояд донист ва онро дар амал татбиқ кард.  
Дарси кушод бо донишҷӯён беш аз як соат идома карда, эшон иброз доштанд, ки дар ин муддати кӯтоҳ аз нозукиҳои пешаи интихобнамудаашон огаҳии бештар пайдо карданд.    




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!