Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:34

Суғд: Таъмири капиталии Қасри Арбоб то моҳи ноябр идома меёбад

3 июл 2012, 09:26

Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳамчун намунаи нодири меъморӣ ва санъати бинокорӣ маъруф буд.

Дар ҳукумати вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ доданд, ки як сол қабл аз ин дар ин макони таърихӣ корхои  таъмир ва азнавбарқароркунӣ  ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992  дар ҳамин бино баргузор гашта буд, оғоз гардида буд. Дар ҳамин ҳол, Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корхои таъмиру тармим ва ободонии ин кох ба ин мавзеъ ташриф овард. Раиси вилоят қабл аз ҳама ба раванди ободонии саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввора мароқ зоҳир кард.   
Маврид ба тазаккур аст, ки Қасри Арбоб  ба кохи маъруфи Петергофи шаҳри Санкт- Петербурги Русия монандӣ дорад ва маҳз пас аз дидани он Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев ба бунёди қаср тасмим гирифта буд.   
Қасри Арбоб  соли 1951  бо роҳбарии раиси ҳамонвақтаи хоҷагӣ Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев оғоз ва давоми шаш сол бо заҳмати меҳнаткашони хоҷагӣ ва устоҳои деҳаҳои гирду атроф бунёд гардида, соли 1957 ба истифода дода шудааст. Ин қасри бошукӯҳ давоми 55 сол бе таъмири капиталӣ барои мардум хизмат намудааст.
Интизор меравад, ки таъмири пурраи Қасри Арбоб тирамоҳи имсол дар пешорӯи ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ба анҷом расад.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!