Пулиси мухаддиротии Тотористон гуфтааст, ки ин афрод ба қочоқи маводи мухаддир машғул буданд.
Падару модар ва се писари ин хонадон ба қавли ин манбаъ, бангдона мефурӯхтаанд. Дар ин бора сомонаи минтақавии пулис иттилоъ медиҳад.
Ба гуфти сарчашма, пулис тасодуфан сокини деҳаи «Камские поляни»-ро даст гирифтаанд, ки бастаи бангдона доштааст ва ин нафар онҳоро ба хонаи тоҷикони кришнаит бурдааст.
-Буттаҳои зиёди бангдона, тухмӣ, ва баргҳои он дар тамоми хона паҳн карда шуда буд. Ин растаниро озодона парвариш ва хушк карда мефрӯхтанд,-иттилоъ додааст пулис.
Дар ҳамин ҳол, ҳадс зада мешавад, ки шояд пулис оилаи лӯлиҳоро даст гирифта бошад, ки бо шиносномаҳои тоҷикӣ мегарданд ва бо тоҷикӣ ҳарф мезананду онҳоро тоҷик муаррифӣ мекунанд.
Мӯҳр