Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:47

Истиқлол ба чорякфинал мебарояд. Парвоз аз идомаи бозӣ даст кашид

4 июл 2012, 03:55

Дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол 12 тими Лигаи олӣ, ду дастаи ғолиби даври пешакӣ- РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)    «Далерон»-и шаҳри Истаравшан ва як дастаи лигаи якум- «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок хоҳанд кард.

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, бо сабаби мушкилоти молӣ аз ширкат дар мусобиқот барои дарёфти ҷоми мазкур даст кашид. Зимнан, рақиби «Парвоз» дар ин давр, тими  «Истиқлол»-и Душанбе бидуни рақобат ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифт.
Рӯзи 7-уми июл тими «Хайр»- и Вахдат бо дастаи «Далерон»-и Истаравшан дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат вориди рақобат мешавад. «Равшан»-и Кӯлоб бо «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб қувва меозмоянд.  ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Вахш» Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ  бозӣ хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, 8-уми июл, дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа,  «РТСУ»и Душанбе бо дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар варзишгоҳи Спитамени Душанбе ба майдон мебароянд. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ  бо «Ҳосилот»-и Фархор дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Истаравшан»-и Истаравшан дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!