Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Номаи камол барои хатмкунандагон намерасад. Барои чӣ?

4 июл 2012, 09:19

Бархе аз хатмкунандагони имсолаи  макотиби Тоҷикистон то ҳанӯз номаи камол, ё ба истилоҳ «аттестат» нагирифтаанд.

Аз ин рӯ онҳо наметавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба донишгоҳу донишкадаҳо бидуни санади хатм супоранд. Маҳмудхон Шоев, котиби матбуотии вазорати маориф ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон тайид карда афзуд, ки воқеъан ин мушкил вуҷуд дорад, вазорат шаҳодатномаҳои дар ихтиёраш бударо миёни макотиб тақсим кард.   
Манбаъ мегӯяд, ин мушкил мушкили техникӣ буда, айни замон фармоиш шудааст ва рӯзҳои наздик ҳамаи хатмкунандагон бо шаҳодатнома таъмин мегардад.  
Маврид ба ёдоварист, дар 3741 муассисаҳои рӯзонаи таълимии умумӣ 101.084  нафар хатмкунандаи синфи 11 (аз ин миқдор 41.854 нафарашон духтарон) мактабҳои таҳсилоти умумиро хатм намуданд. Аз хонандагони синфи  9-и имсола  бошад, 151.154  нафар аз он ҷумла 70.287 духтарон муассисаҳои рӯзонаи таълимии умумиро хатм намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!