Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Русия барои пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе маблағ намедиҳад

3 июл 2012, 11:06

Ҳукумати Русия аз ин ба баъд барои нигаҳдории пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, маблағ ҷудо намекунад.

Николай Макаров, Сардори Сарситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки то замоне, ки музокироти идомаи ҳузури ин пойгоҳ баъди соли 2014 дар қаламрави Тоҷикистон бо ин шакл идома меёбад, масъалаи сармоягузорӣ ба он низ норӯшан боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол, генерали рус иброз доштааст, ки раванди музокирот дар бораи ин пойгоҳ бо мушкилӣ пеш меравад, аммо мо бовар дорем, ки ба тавофуқ мерасем. Макаров гуфтааст, ки миёни Русия ва Тоҷикистон қаблан мувофақа ҳосил шуда буд, ки сарнавишти баъдии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯшан мешавад: «Мутаассифона ин кор сурат нагирифт. Тоҷикистон сари мавқеи худ пофишорӣ дорад ва аз ин ҷиҳат мо маҷбурем, ки барои ин пойгоҳ, то замоне, ки вазъият муайян нашавад, маблағгузориро қатъ намоем».
Маврид ба тазаккур аст, ки тирамоҳи соли 2004 Тоҷикистону Русия дар мавриди будубоши пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд.   
Ҳоло сарнавишти ин пойгоҳ баъди соли 2014, бо сабаби он ки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, ба мушкил мувоҷеҳ шудааст   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!