Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Масоили марбут ба бонку бонкдорӣ баррасӣ мешавад

4 июл 2012, 03:30

Рӯзи  13-уми  июли соли равон дар Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони  «Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» сурат мепазирад.

Дар ин бора аз Маркази миллии қонунгузории назди президент ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.
Бино ба қавли сарчашмаи хабар, чорабинии  мазкур бо  ибтикори  ин марказ  гузаронида шуда, дар он олимон ва мутахассисону коршиносони соҳа ширкат мекунанд. Қарор аст  дар ин ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои рушди низоми қонунгузории бонкӣ, ташкилотҳои қарзии хурд, танзими ҳуқуқии бонкҳои тиҷоратӣ ва проблемаҳои марбут ба онро баррасӣ кунанд .
Ёдрас менамоем, Маркази миллии қонунгузории назди президент моҳи марти соли 2009   таъсис ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!