Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

40 нафар имсол дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд

4 июл 2012, 06:36

Имсол дар Тоҷкистон  шумораи умумии  нафароне, ки дар натиҷаи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд ба 40 нафар расид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 26 нафар кам аст.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории  Озодагон иттилоъ дод, ки ҳарчанд дар нимсолаи аввали соли гузашта шумораи ғарқшудагон  66 нафарро ташкил дода буд ва нисбати соли равон  кам аст, вале ин ҳолат ҳамоно ташвишовар аст.  Номбурда мегӯяд, дар вилояти Хатлон -6 нафар, ВМКБ 6 нафар, Суғд-11  нафар, минтақаи Рашт-7 нафар, Ҳисор-5 нафар, шаҳри Душанбе-5 нафар ба қайд гирифта шудааст: «Кумитаи мазкур дар мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд». Бино ба иттилои манбаъ, маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо соли сипаригашта дар кишвар 118 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Бинобар ин барои дучор нагардидани ба чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо, кўлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ  кунед, афзуд манбаъ.        


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!