Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба хабари расида, шаби гузашта тахминан соати 02.00, сокини 47-солаи ҷамоати Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан-Ғайбулло Насрулллоев дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби ба миён омадани ҷанҷоли оилавӣ бо табари хоҷагии дар дасташ буда як маротиба ба гардани завҷааш- Саодат Бобоҷоноваи 45-сола мезанад.
Сипас, бо ҳамон табар ба аъзои бадани келинаш- Матлуба Мавлоноваи 23-сола низ зарбаҳо мерасонад. Дар натиҷа, ҳардуи онҳо аз захми ҷисмонии вазнини бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Дар ҳамин ҳол, прокуратураи шаҳри Истаравшан нисбати Ғ. Насруллоев парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 қисми 2 ( куштор)- и КҶ ЧТ огоз намуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр