Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Гашничу зира ҳам маводи мухаддир эълон шуданд

7 июн 2011, 13:27

Як ниҳоди назоратии Русия мавсум ба Роспотребнадзор зираро ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид кардааст.

Ҳамчунин, ба ин рӯйхат навъи дигари гашнич   (петрушка) низ дохил шудааст.  Дар ҳамин ҳол, директори Хадамоти федеролии назорати  маводи мухаддир Виктор Иванов аз он ки чунин хушбӯиҳо аз савдо рӯзҳои наздик ғайб мезананд, нигаронӣ карда гуфтааст, чанд рӯз пеш оши палав, ки зира дошт, хӯрдааст,  аммо ягон намуди мухаддиротро эҳсос накардааст. Шояд ин ҷо гап дар бораи ягон намуди махсусу алоҳидаи зира ва  гашнич сухан равад, гуфтааст Виктор Иванов, сардори ХФНМ-и Русия. Дар ҳамин ҳол Роспотребнадзор 352 намуди растаниро ба рӯйхати сиёҳи маводи мухаддир ворид кардааст, ки миёни онҳо дар қатори гашничу зира ҳамчунин гулҳои ландиш, бойчечак ва дигар низ ҳастанд.Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Русия гуфтааст, танҳо дар сурати тасдиқи он ки деҳқон парвариши ин намуди растаниро танҳо бо мақсади ба даст овардани маводи мухаддир ба роҳ монда бошад, метавон онро рустании дорои мухаддирот номид. Феълан  фурӯши петрушкаву зира дар ин кишвар мамнӯъ эълон нашудааст ва дар савдои озод қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!