Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:31

«Оғохон» Мӯъминободро бо об таъмин мекунад

4 июл 2012, 11:58

Хазинаи Оғохон дар ду ҷамоати деҳоти ин ноҳия хати оби нӯшокӣ кашида, мушкили сокинонро осон кард.

Сайбурҳон Тағоев, менеҷери лоиҳаи Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Мӯъминобод ба хабаргузории Озодагон гуфт, дар рустои Лаби Ҳавзи ҷамоати деҳоти Деҳибаланд дар масофаи 5500метр, бо маблаги умумии 19.530 доллари амрикоӣ барои 30 хочагӣ ва дар рустои Қипчоқи чамоати деҳоти Туту дар масофаи 2200 метр, бо маблағгузории 12.035 доллари амрикоӣ барои 32 хоҷагӣ хати нави оби нӯшокӣ сохта  ба истифода дода шуд.
Сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ моҳи майи ҳамин сол оғоз гардида, дар муддати камтар аз 2 моҳ сохта мавриди истифода қарор дода шуд,- мегӯяд Тағоев.
Мавриди зикр аст, ки рустоҳои мазкур тайи солҳои зиёд танқисӣ аз оби истеъмолӣ доштанд ва обро бо хару ароба мекашониданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!