Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:43

Мушкили замин барои манзилсозӣ дар Кӯлоб

5 июл 2012, 04:10

Дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб қитъаҳои замин барои бунёди манзили зист ҳанӯз ба пуррагӣ тақсим карда нашудаанд.

Саъбагул Валиева, раиси ҷамоати мазкур ба хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, сабаби асосӣ дар мавзеи хатарзо қарор доштани заминҳои аз ҷониби кумитаи заминсозии ҳукумати шаҳр ҷудогардида мебошад: «Қисмати зиёди заминҳои барои сохтмони манзили зист ҷудошуда дар саргаҳи фаромадани сел қарор доранд. Ин заминҳо дар рӯ ба рӯ ва ё қатори сойҳои обпартов, ки ҳамасола барои сокинон хатар эҷод мекунад, ҷой доранд. Аз ин хотир, ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардем, ки ҳолатро ба пуррагӣ омӯхта, иҷозаи тақсимоти замин диҳанд. Бо супориши раиси шаҳр бояд як  гурӯҳи корӣ бо намояндагони ситоди ҳолатҳои фавқуллода вазъиятро санҷида хулосабарорӣ намоянд».
Ба гуфтаи хонум Валиева, эҳтиёҷмандон барои сохтмони манзил дар ҷамоат хеле зиёданд, вале ҳамин вазъият садди амалӣ гаштани ин омил аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!