Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:13

Таркиш дар корхонаи ҶДММ «Омега»-и пойтахт

5 июл 2012, 06:32

Субҳи имрӯз 5- уми июл дар корхонаи ҶДММ «Омега», воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  таркиш ба вуқӯъ омад.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин таркиш боиси  ташвишу изтироби сокинони ин маҳалла гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш оинаҳои ҳуҷраи посбонӣ шикаста, ба касе зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Дар рафти тафтиш маълум карда шуд, ки бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва дар натиҷаи муносибати хунукназарона бо таҷҳизоти барқӣ дастгоҳи обгармкунии худсоз бе об монда, сабаби рух додани таркиш гардидааст. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқию газӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати дуруст намудан бо онҳоро фаромӯш накунанд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!