Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 23:46

Ҷӯрабек Охунов ҳафт солу ҳашт моҳи дигарро пушти панҷара мегузаронад

5 июл 2012, 09:49

Имрӯз дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Ҷӯрабек Охунов, роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» қироат шуд.

Шавкат Абулхайров, додраси Суди олӣ гуфт, ки Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010 ҳисоб карда мешавад. Яъне, Охунов 7 солу 8 моҳи дигар дар маҳбас хоҳад буд.
Қарори додгоҳ ҳамчунин мусодираи амволи Охуновро дар назар дорад.
Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, пешбурди тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб азхуд кардани маблағҳои мардум дастгир шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!