Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:39

«Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ шуд

7 июн 2011, 13:44

«Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон».Таҳти чунин унвон китоби сеюми ҷомеашинос, номзади улуми сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар Душанбе ба нашр расид.

Ба ин муносибат имрӯз дар маркази тадқиқоти стратегӣ муаррифии ин асар бо иштироки муаллиф, донишмандони соҳа ва намояндагони ВАО   сурат пазируфт. Дар ин китоби тозаэҷод масъалаи муносибати омили динӣ ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷанбаҳои гуногун омӯхта шуда, муаллиф роҳҳо ва пешниҳодҳои мушаххасеро дар мавриди таҳкими амнияти миллии кишвар матраҳ намудааст. Зимни ин нишаст аз ҷониби бархе аз иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рафъи камбудӣ ва навоқиси илмии ин асар баён гардид.   Абдуллоҳи Роҳнамо, дар поёни маҳфил гуфт, амнияти миллӣ дар Тоҷикистон бе ширкати ислом таъмин намегардад ва ислом ҳам бе амнияти миллӣ дуруст ба роҳ монда намешавад. Ба қавли ӯ ин китоб баъди таҳрири Сайфулло Сафаров, Қурбонбой Бобоев, академик Диноршоев, Муҳаммадҷон Умаров бо теъдоди 300- нусхаи санҷишӣ ба нашр расидааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!