Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 16:04

Ҳамрохон Зарифӣ дар Ҷумҳурии Корея аз густариши ҳамкориҳо сӯҳбат кард

5 июл 2012, 10:03

Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барасӣ гардид.

Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Хан Дук-Су, сарвазири Ҷумҳурии Корея  ва ҳамзамон раиси ассосиатсияи байналхалқии савдои он кишвар матраҳ шудааст.
Ёдовар мешавем, Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати ширкат дар 6-умин Форуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Корея сафар кард.
Бино ба иттилои манбаъ, бахшида ба баргузории Форуми мазкур Хан Дук-Су зиёфат барпо намуд, ки зимни он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз номи тамоми сарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нутқи сипосӣ баромад кард. «Аснои суханронӣ ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Корея дар пешбурди муколама дар ҳошияи Форуми мазкур барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар ва минтақа саҳми сазовор хоҳад гузошт»,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!