Масъулини идораи санитариву эпидемологӣ аз бурузи бемории сиёҳзахм (сибирская язва) дар минтақаи Роғун иттилоъ додаанд.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ ахиран ҳашт нафар аз сокинони рустои Ғофилободи шаҳри Роғун бо сабаби мубтало ба бемории сиёҳзахм ба бемористон мунтақил шуданд.
Расонаҳо менависанд, ин афрод бо ҳамдигар хешу табор будаанд ва чанд рӯз қабл говеро забҳ кардаанд.Пас аз интиқол ёфтани ин афрод ба бемористон табибон мушаххас кардаанд, ки танҳо чор нафаре, ки дар қассобии моли бемор ширкат доштанд, мубтало ба бемории сиёҳзам шуданд.
Гуфта мешавад эмгузаронии чорво алайҳи ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ маҳсуб мешавад, аммо ба сабабҳои мухталиф на ҳамаи чорводорон ин корро анҷом медиҳанд.
Мӯҳр