Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як моҳи охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши масолењи сохтмонӣ, аз ҷумла семент мушоҳида мешавад. Дар як моҳи охир дар кишвар нархи семент 10% афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо имсол нархи семент дар муқоиса бо нархҳо дар моҳи июли соли гузашта 20 фоиз қимматтар мебошанд.
Гуфта мешавад, агар моҳи майи соли ҷорӣ як килогарам семент 1 сомониву 10 дирам нарх дошт, ҳоло он дар бозорҳои кишвар бо 1 сомонию 20 дирам фурӯхта мешавад.
Коршиносон иллати болоравии нархи сементро дар оғози корҳои бунёдии манзилу иншооти бузург ва меҳмонхонаҳо медонанд. Лекин фурӯшандагони ин мањсулоти сохтмонӣ сабаби болорави нархи сементро дар фаъолияти номуназзами корхонаи «Тоҷиксемент» медонанд.
Мӯҳр