Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Боздошти як зан бо ҷурми қочоқи нашъа дар Душанбе

7 июн 2011, 14:02

Як зани ҳашишфурӯш дар беморхона боздошт гардид.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, аснои баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ дар маркази миллии табобатии ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар кӯчаи  Исмоили Сомонӣ, интиқолгари маводи нашъадори «ҳашиш» ба даст афтод. Гуфта мешавад, Хурсанд Ҳамроеваи 54 сола, сокини рустои Қӯзибачаи ҷамоати Навободи ноҳияи Турсунзода дар борхалтааш ҳудуди 840 грамм ҳашиш дошта, мехостааст ин миқдор мухаддиротро ба савдо занад. Бино ба қавли манбаъ, далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишоти қазия аз сӯи кормандони милиса феълан идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!