Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:54

Ғайбулло Афзалов: Хоҳишҳои Ленинро дар Хатлон амалӣ мекунем

6 июл 2012, 06:56

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон  мегӯяд, хоҳишҳои Ленин, ки ҳанӯз солҳои 17 –уми асри гузашта заминро барои деҳқону корхонаро барои коргар гуфт айни ҳол дар Хатлон татбиқ шудаанд.

Афзалов таъкид мекунад, ки татбиқи хоҳишҳои Ленин дар Хатлон дар шакли нав, - дар шакли озоду демократӣ сурат гирифта истодааст:
«Мо деҳқонро маҷбур намекунем, ки ин ё он зироатро корад. Деҳқон худаш зироат интихоб мекунад, худаш техника меёбад, худаш сӯзишворӣ меёбад, худаш мефурӯшад».
Ғайбулло Афзалов афзуд, ки баъди гузаштан аз сохтори колективӣ, колхозу савхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон баъзе мушкилот пайдо шуданд, ки марҳила ба марҳила ҳал мегарданд:
«Пештар дар 25 шаҳру ноҳияи мо ҳудуди 150 хоҷагии колективӣ буд. Айни ҳол шумораашон ба 42 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ баробар шудаст, ки қариб 70 фисади хоҷагиҳои кишварро ташкил медиҳад».
Ба бовари Афзалов ислоҳоте, ки дар бахши хоҷагии қишлоқи кишвар гузаштанд, дар Хатлон натиҷаҳои хуб дода истодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!