Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 10:38

БОР барои харидории нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ қарзи имтиёзнок медиҳад

6 июл 2012, 07:01

Масъулини Бонки осиёии рушд, ки айни ҳол дар Душанбе қарор доранд, масъалаи ҷудо намудани 6 миллион доллари грантро барои харидории истгоҳҳои бодию офтобӣ баррасӣ карда истодаанд.

Тавре аз Маркази омӯзиш ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия хабар доданд, дар назар аст, ки маблағи мазкур ба сифати грант ба ҳукумат ҷудо гардад. Ҳукумат онро миёни муассисаҳои қарздиҳии хурди ноҳияҳо тақсим мекунад. Ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд манбаъҳои барқароршавандаи энергияро истифода намоянд,  муасисаҳои қарздиҳии хурд аз ҳисоби гранти БОР  қарзҳои имтиёзнок хоҳанд дод.
Ба иттилои манбаъ соли гузашта таи се моҳ намояндагони БОР дар Тоҷикистон имконияти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таваҷҷӯҳи мардум ва қобилияти пардохтпазириашонро омӯхта, ба хулосае омадаанд, ки ин барнома дар Тоҷикистон самаранок хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!