Ширкати маъруфи олмонӣ «Centrotherm photovoltaics» оиди истеҳсоли фотоэлементҳо барои истгоҳҳои барқи офтобӣ барои бунёди заводи фотоэлементҳо дар Тоҷикистон мароқ зоҳир кардаст.
Тавре аз Маркази омӯзиш ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия иттилоъ доданд, ширкати мазкур ба фурӯши фотоэлементҳо машғул набуда, танҳо заводи истеҳсоли онро месозад. Манбаъ далели таваҷӯҳи олмониҳоро ба Тоҷикистон рӯзҳои зиёди офтобӣ ва квартси тозаи бисёр гуфт:
«Дар тамоми ҷаҳон фотоэлементҳоро аз рег месозанд, ки хеле мушкил аст. Аммо дар Тоҷикистон мо квартс дорем, ки аз он сохтани фотоэлемент хеле қулай аст».
Олмониҳо пешниҳод намуданд, ки ба ивази 5 миллион эвро заводи истеҳсоли фотоэлементро то супоридани калид дар кишвар бунёд хоҳанд намуд. Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки ин хел имкониятҳоро Тоҷикистон бояд истифода намояд:
« Ҳукумати кишвар имкони ҷалби сармояро ба чунин лоиҳаҳо дорад. Агар чунин ҷузъҳо дар дохили кишвар истеҳсол гарданд, нархи аввалаи истгоҳҳои барқи офтобӣ ҳам арзон хоҳад шуд».
Мӯҳр