Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

Садама дар шимоли кишвар боиси марги ду нафар гардид

7 июл 2012, 04:24

Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини  43-солаи ҷамоати Пулодони нохияи Конибодом Абдуллоев Фарҳод ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Равот» дар километри 7-уми роҳ саросема шуда, аз роҳ мебарояд. Азбаски сарнишини мошин бехатарии роҳро таъмин карда натавонист, нақлиёти таҳти идораи ӯ ба дарахти сари роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофири он, сокини 52-солаи ҳамин мавзеъ Валиҷон Акрамов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!