Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Муҳоҷирон ва амнияти онҳо зери назорат аст

8 июн 2011, 02:35

Тайи як соли равон ҳудуди 795 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон аз ҳама гуна нақлиёти мусофиркашонӣ истифода карда, ба хориҷа рафта баргаштаанд.

Дар ин бора зимни баргузории як мизи гирд дар Душанбе иброз гардид. Ин ҳамойиш, ки дар маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим сурат пазируфт, оид ба равуо, амният ва саломатии муҳоҷирони кори Тоҷикистон иртибот дошт.Қайд гардид, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  ва саривақт  расонидани иттилоъ оид ба қонунҳои ҷоригаштаи  кишвари сафар, масъулини сохторҳои марбутаи мамлакат дар вокзалҳои  роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва дохили қатораву тайёраҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ  мондаанд.  Дар ҳамоиш мутахассисон  таъкид доштанд, ки  ҳукумати Тоҷикистон барои  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандони кишвар, ки феълан дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, тасмиму тарҳҳои вижаро амалӣ мегардонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!