Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Ҷамъбасти озмуни қориёни Қуръони карими ИДМ дар Душанбе

7 июл 2012, 06:54

Озмуни байналмиллалии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» дар Душанбе анҷом пазируфт.

Тавре Озодагон қаблан иттилоъ дода буд, ин озмун миёни намояндагони ИДМ дар пойтахти кишвар рӯзҳои 5-ум ва 6-уми июл ҷараён дошт. Мусобиқа аз рӯи панҷ намуд; ҳифзи даҳ пора, ҳифзи 20 пора, ҳифзи кулли Қуръон, қироат бо тафсир ва қироат бо ҳифз, бо зикри оят ва  суҳуфи Қуръони Маҷид сурат гирифт. Аз қориёни то даҳ пораӣ ҷойи саввум ба Розиев Хайруллоҳ , намояндаи Ӯзбакистон, мақоми дуввум ба Фасиҳов Муҳиддин  аз Тоҷикистон ва ҷойи аввал насиби Атабоев Садриддин  аз Туркманистон гашт, ки ба ҳар кадоми онҳо мутаносибан 1000, 1200 ва 1500 доллар эҳдо гардид
Саидҷон  Куштов аз ҷумҳурии Ингушетистони Русия бошад, дар бахши 20 пора ҷойи саввум ва 1800 долларро соҳиб шуд. Маҳмудов Аҳмад Муҳаммад, намояндаи Доғистон   ҷойи дуввум ва 2100 доллар ҷоиза гирифт.  Дар ин бахш мақоми аввалро Исломзода Мифтоҳуддин аз Тоҷикистон соҳиб шуда,  2400 долларро ба даст овард.
Зимнан, дар байни иштирочиёне, ки дар бахши сӣ порагӣ сабқат доштанд, ҷойи аввал то саввумро инҳо бо ҳам диданд: Абдурауфи Абдулмӯъмин аз Тоҷикистон (3100долар), Дурдуев Сардор аз Туркманистон (2800 доллар) ва Акошов Равшан аз Тотористони Русия  (2500доллар).  
Дар бахши кулли Қуръон бо тафсир бошад, се нафар қории навраси тоҷик- Муҳаммади Муҳамадсаид (2300 доллар) мақоми аввал, Шарифов Абдулботин (2000 доллар) ҷойи дувум ва Саиҷаъфари Амонулло (1700 доллар) мақом саввумро касб карданд.
Дар бахши ҳифзи кулли Қуръон бо зикри ояту саҳифа ҷойҳои аз аввал то саввумро Ҳомидов Исомуддин (3000 доллар), Алиев Саидмеъроҷиддин  (2700 доллар), Холиқов Лутфулло (2400 доллар) –ҳама аз Тоҷикистон соҳиб шуданд. Ҳамучунин ба онҳое, ки соҳиби холҳои баланд шуданду пирӯз нагаштанд туҳфаҳои хотиравӣ ва 100 доллар ба ҳар кадоме мукофот эъто гардид.
Ин  озмун бо ибтикори хонаводаи шайх Муборак Ассабоҳи аз давлати Кувайт ва сарпарастии   Созмони хайриявии исломӣ –кумитаи мусулмонони Осиё, созмони ҳифзи Қуръони Карими Арабистони Саудӣ ва дастгирии президенти Тоҷикистон баргузор шуд.    
Маврид ба ёдоварист, дар ин озмун қориёни зиёде аз Тоҷикистон ширкат доштанд, ки аксари онҳо дар ҳалқаҳои дарсии қориёни машҳур ва гимназияи исломӣ дарс гирифтаанд. Аммо имрўз аксари ин дарсхонаҳо бо сабабҳои мухталиф баста шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!