Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:54

«Ҷанг»-и мусофирони душанбегӣ дар фурудгоҳи пойтахт

7 июл 2012, 07:06

Дар салони тайёраи «Айробус-320»-и ФБД мусофирон байни ҳам задухӯрд карданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, тартиботи ҷамъиятӣ дар хати парвози Душанбе- Санкт-Петербург вайрон карда шудааст.   
Манбаъ афзуд, Бобоҷон Арабови 24- сола, сокини кӯчаи Аҳмади Дониш, Камила Раҳимоваи 19- сола, сокини кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ва ноболиғ -Эраҷ Насриддинови 16 сола, маскуни кӯчаи Пайрав Сулаймонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба ин ҳодиса дастгир гардиданд.
Гуфта мешавад, ин афрод дар дохили тайёра даст ба бетартибиву кашмакаш зада, тартиботи ҷамъиятиро тайи 30 дақиқа вайрон намудаанд. Онҳо  якдигарро таҳти лату кӯби шадид қарор додаанд, ки дар натиҷа Арабов Бобоҷон ва Эраҷ Насриддинов ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!