Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

Бозор баъди 20 сол. Дар ҷануби Тоҷикистон

9 июл 2012, 04:00

Дар ноҳияи Темурмалик бозори нав ба фаъолият огоз намуд.

Ба гуфтаи масъулин аз ҳукумати ин ноҳия, дар қаламрави он (дар ҷамоатҳо) то имрӯз ду бозор фаъолият дошт. Ҳамакнун, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия бозори нав сохта  ба истифода дода шуд.
-Дар марҳилаи аввал барои ҷалби харидорон ва   деҳқонони ноҳия, маҳсулотро аз ҳисоби муассисаи матлубот таъмин намудем. Дар оянда, умед  ба деҳқонону соҳибкорони худӣ аст, то бозорро таъмин карда тавонанд,-  мегӯяд Мирзохон Сангов, ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳия. Кушодашавии бозори нав, ки дар майдони 2 гектар ҷо гирифтааст, бо пуррагӣ талаботи сокинони ноҳияро бароварда мекунад.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар ҳоли ҳозир барои бозор танҳо як мушкил аст, нарасидани об:  "Дар ин маврид бо Корхонаи фаръии ҷумхурӣ ба мувофика омадаем. Бо маблағгузории ин корхона рӯзҳои наздик  аз масофаи наздик ба 1км аз   рӯди Сурхоб об меорем».   













Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!