Бахшҳо

Н.Саидов: Дар Тоҷикистон зарурияти гузаштан ба хати форсӣ нест

-Дар масъалаи баҳси донишмандон ва олимони тоҷик, ки мо бояд ба хати форсӣ гузарем, ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон барои  гузаштан ба хати форсӣ ягон  зарурат надорад,- гуфт Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар.

Ба гуфтаи Нуриддин Саидов, мамлакати мо як бор не, ду-се бор ин марҳиларо санҷида баромадааст: «Мо медонем, ки ин чӣ маъно дорад ва таҷрибаи ҳамсоя як бори дигар нишон дод, ки ягон зарурият надорад ба хати форсӣ гузаштани мамлакати мо».
Ӯ афзуд, он нафароне, ки мехоҳанд хати форсиро омӯзанд, марҳамат дар барномаи таълимии макотиби таҳсилоти умумӣ фанни «Алифбои ниёгон» мавҷуд аст ва аз он метавонанд ҳуруфи ниёгонро биомӯзанд.   
Бойиси тазаккур аст, ки чанде пеш дар як маҳфили фарҳангӣ профессор Мӯсо Диноршоев, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфта буд, ки  ҷонибдори ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикӣ мебошад: «Тоҷикон дар гузашта шоирони соҳибдевони зиёде доштанд, ки имкони тамоми асарҳои онҳоро ба хати кириллӣ гардонидан мавҷуд нест. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон раванди тарҷума ва баргардонии асарҳои маъруфи замонавӣ чандон роиҷ нест, аммо охирин китобҳои маъруфи Ғарб дар Эрон дар камтарин фурсат бо хати форсӣ баргардонида мешаванд».
Академик Диноршоев мӯътақид аст, ки дар сурати ба хати форсӣ гузаштан, тоҷикон имкони ба осонӣ мутолиа кардани онҳоро хоҳанд дошт. Ба қавли ӯ, хати кириллии тоҷикӣ танҳо дар Тоҷикистон лозим мешавад. Яке аз далелҳои дигари зарурати ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикиро номбурда ба вожаҳое рабт дод, ки дар форсӣ бо ҳарфҳои мухталиф навишта шуда маънии гуногун доранд, аммо дар хатти кириллӣ як хел навишта мешаванд.
-Ҳамин аст, ки ҳангоми ба форсӣ баргардонидани шеърҳои шоирони мо, адабиётшиносони эрону афғон ба заъфи вазниву қофиявии онҳо ишора мекунанд-афзуд профессор.



Мӯҳр
Самарзода
Вой бар ҳоли Вазири маорифе ки мегӯяд, Тоҷикистон ба хати форсӣ зарурат надорад.
Ҷаноби Вазир оё шумо аз Тоҷикитон ба хориҷ рафтаед. Ба мо бигӯед, ки чанд давлати дигар бо забони форсӣ такаллум мекунад.
Агар Вазири молия ё мудофиа ин гапро мегуфтанд, боке набуд, вале он нафаре ки масъулияти мустақимро дар гузаштан ба хати форсиро бар дӯш дорад ҳамин гапро гуфтаасте.
Ҷаноби вазири маориф оё дар пеши наберагонатон шумо чи ҷавоб мегуед?

Кариб дар хамаи Республикахои пасошурави мувофики хохишоти мардум ба ягон хате гузаштанд, масалан : Узбакистон ба хати Лотини гузашт. Республикахои Прибалтика бо хати ниёгони худашон, Озарбойчон бо хати худаш, Армения ва Грузия дар давраи Шурави хати худро доштанд, Молдаванхо бо хати худашон ё ин ки бо хати Руминяги гузаштанд. Охирон ин Украина забони давлатиашонро хифз намуданд ва аз забони Руси канор чустанд. Аммо мо Точикон чи? То имруз канори як чуб давр зада истодаем ва намедонем кадом тарафаш сараш бошад ва кадом тарафаш нукаш. Ба наздики мизи мудаввари Казокистонро тамошо кардам, хатто онхо талош доранд, ки ба хати форси гузаранд, чи расад, ки мо мегуем ва хатто ифтихор дорем, ки ин хати форси бечуну чаро хати ниёгони мо хаст. Сад афсус бо ин хел вазири маориф ки мегуяд, Точикистон ба хати форси зарурат надорад. Мухтарам вазири маориф чумхурии мо як умр чунин боки нахохад монд. Фардо пас аз сари шумо наберахоятон туро хоини миллату ватан ном мебаранд, чуноне,ки дар солхои 30-ум чунин корхоро карда буданд ва нафрини якумра хам шуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)