Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

Нигаронии ВМ аз ширкат накардани литсейҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

10 июл 2012, 09:15

Бархе аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар озмуни фаннии хонандагони  муасисаҳои мазкур иштироки хонандагонашонро дар  давраи ҷумҳуриявии озмун таъмин  накарданд.

Нуриддин Саидов, вазири маориф мегӯяд: «Аз ҷумла литсей касбии политехникии шаҳри Панҷакент, литсейи касбии саноати нафту гази шаҳри Исфара,  Литсейи касбии техники №77 ноҳияи Шуғнон, литсей касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако  Акинои ноҳияи Данғара, омӯзишгоҳҳои касбӣ техникии №22, 32 шаҳри Кӯлоб, №13 ноҳияи Ховалинг, №51 ноҳияи Панҷ, №4 ноҳияи Тавилдара, №39 ноҳияи Тоҷикобод, №78 ноҳияи Ҷиргатол ва №61 ноҳияи Рашт ба ин гурӯҳ шомиланд».  
Бино ба иттилои манбаъ, бори аввал пас  аз соҳибистиқлол  шудани Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии  касбӣ  озмуни фаннии хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ дар се давр гузаронида шуд.
Дар озмун аз фанни забонӣ русӣ 47 нафар, математика 38 нафар,  биология 28 нафар, химия 34 нафар,  физика 38 нафар , дар маҷмӯъ 185 нафар хонанда  иштирок карданд.
Аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар озмун иштирокнамуда литсейи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи  якум, литсейи касбӣ- техники махсуси маюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва   литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо тӯҳфаҳои хотирмон қадр карда шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!