Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

Туркия дар соқит кардани низоми Сурия шикаст хурд

10 июл 2012, 11:49

Аҳмад Довудуғлу, як ҳафта пас аз он ки гурӯҳи террористии PKK (ҳизби коргарони Курдистон) кишварашро таҳдид кард, ки Истамбулро ба Ҳумси Сурия табдил мекунад,эътироф кард, ки кишвараш дар соқит кардани низоми Сурия ба рағми ҳама талошҳояш, шикаст хурдааст.

Хабаргузориҳои Туркия ин суханони вазири хориҷаи кишварашонро мунташир карда ва ба нақл аз вай навиштанд, ки Туркия "ҳар чӣ дар тавон дошт, барои поён додан ба низоми Сурия ба кор гирифт, аммо мутаасифона ҳамаи ин талошҳо ба шикаст анҷомид".
Ин эътирофи вазири хориҷаи Туркия  дар замоне матраҳ мешуд, ки 16 моҳ аз ҳимояти молӣ, сиёсӣ, лоҷистикӣ ва расонаии Туркия ва муттаҳидони ғарбӣ ва арабии он аз гуруҳи мусаллаҳ дар Сурия ва мухолифони хориҷнашини Сурия мегузарад ва то кунун нишастҳои мухталифи байналмилалӣ ва минтақаӣ алайҳи Сурия ба натиҷа нарасидааст.
Довудуғлу ҳамчунин давлати Сурияро ба куштани мардуми Сурия муттаҳам кард ва онро иқдоми зиди инсонӣ тавсиф кард.
Довудуғлу муддаӣ шуд, ки Туркия ҳамаи талоши худро ба кор гирифт, ки дар умури дохилии кишваре дахолат накунад, аммо телевизиюни Сурия шаби гузашта эътирофоти ду террористи боздоштшудаи суриро пахш кард,ки эътироф  карданд пас аз рафтан ба Туркия барои қочоқи силоҳ, таҳти омӯзиши афсарони турк барои кор кардан бо силоҳ қарор гирифта ва сипас дубора ба Сурия эъзом шудаанд.
Довудуғлу ҳамчунин ба ҳодисаи таҷовузи ҳавопаймои «Ф4» ба ҳарими ҳавоии Сурия дар 22 июн ишора кард ва мудаъӣ шуд, ки соқит кардани ин ҷанганда ва паноҳ овардани 30 ҳазор сурӣ ба марзи Туркия, сабаби эҷоди таниш дар амнияти миллии Туркия шудааст.
Башор Асад панчшанбеи гузашта дар гуфтугу бо рузномаи "Ҷумҳурият"-и Туркия эълом кард, ки сарони Туркия муносиботи бародаронаи Сурия ва Туркияро ба муносиботи мудохилаи Туркия дар корҳои дохилии Сурия табдил карданд ва марзҳои Туркия маҳалли қочоқи силоҳ ва маздур ба даруни Сурия шудааст.
Асад таъкид карда буд, ки Туркия  аз террористиҳои фаъол дар Сурия ҳимояти лоҷастикӣ мекунад.
Ҳамзамон бо интишори ин хабар, манобеи сурӣ, аз ҷумла як пойгоҳи хабарии Сурия, эълом карданад,ки артиши Сурия бо амалиёти нуфузии 11 мошини дорои афроди мусаллаҳ аз Туркия ба хоки Сурия дар Адлеб, муқобила кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!