Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:44

Боздошт ва ҳабси “далла”-ҳо дар Хуҷанд

10 июл 2012, 11:57

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 10-уми июл ду зани суғдиро ба қочоқи як гурӯҳ занони тоҷик барои танфурӯшӣ ба Дубай гунаҳкор донист.

Ин ду бону мутаносибан барои 5 ва 6 сол аз озодӣ маҳрум гардида, равонаи зиндон шуданд. Аммо додгоҳ ҳабси яке аз маҳкумшудаҳо, зани танҳои 30-соларо бинобар се кӯдаки хурдсоли ноболиғ доштанаш,ки синнашон аз 5 то 8 сола аст,  то 10 рӯз, яъне то замони нерӯи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ мавқуф гузошт.
Шӯҳрат Аҳроров додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси муҳокимаи парвандаи ин афрод  ба хабарнигори Озодагон гуфт: ”Додгоҳ зани 33-сола аз ноҳия Зафарободро ба мутобиқи бандҳои «ҷалби одамон барои қочоқ», «қаллобӣ», «қасди содири ҷиноят» ва дуюмиро, ки соҳиби се кӯдак аст, танҳо аз рӯи банди «ҷалби одамон барои қочоқ» - и асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор донист ва ба 6 ва 5 -солӣ аз озодӣ махруи намуд. Хукм алҳол қувваи қонунӣ пайдо накардааст ва маҳкумшудагон метавонанд дар мӯҳлати 10-шабонарӯз аз ҳукми додгоҳ шикоят баранд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!